ОВОЗДИҲӢ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ, 28 феврал то соати 12.00 дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат ва мақомоти маҳаллии қонунбарор аз 3 миллиону 590 ҳазору 81 нафари бақайдгирифташуда 1 миллиону 846 ҳазору 306 нафар иштирок намуд, ки 51,4 фоизи овоздиҳандагонро ташкил медиҳад. Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе 146 ҳазору 780 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 415 ҳазору 177 нафар, дар вилояти Суғд 552 ҳазору 371 нафар, дар вилояти Хатлон 670 ҳазору 585 нафар ва дар ВМКБ 61 ҳазору 393 нафар овоз дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






