ОВОЗДИҲИ ДАР ПЕКИН
Пекин, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Овоздиҳии интихобкунандагон дар қитъаи овоздиҳии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин субҳи барвақт оғоз ёфт. Аввалин шуда, гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба қитъаи овоздиҳӣ омаданд. Дар байни онҳо Шедфар Лиқоев ва Манижа Сайфуллоева низ ҳастанд. Шедфар Лиқоев донишҷӯи соли аввали факултаи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳи Пекин мебошад. Вай зикр кард, ки дар интихобот бори аввал иштирок мекунад ва имрӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ҳаминаш қобили қайд аст, ки мо аз Тоҷикистон ҳазорон фарсах дур бошем ҳам, ҳуқуқи конститутсионии худро амалӣ месозем. Донишҷӯӣ соли 4 – уми факултаи иқтисодиёт ва тиҷорати байналхалқии донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар интихобот бори дуюм ширкат меварзад. Ӯ бори аввал дар интихоботи Президенти Тоҷикистон иштирок карда буд. Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод муттасил густариш меёбанд. Ман имсол донишгоҳро хатм карда, ҳамчун мутахассис ба ватан бармегардам. Кӯшиш хоҳам кард, ки донишҳои дар Пекин омӯхтаамро зимни фаъолияти меҳнатӣ ба манфиати халқу ватан амалӣ созам, гуфт Манижа. Овоздиҳӣ дар қитъаи интихоботии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин то соати 18 давом мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






