ОВОЗДИҲИ ДАР ПЕКИН

Февраль 28, 2010 13:23

         Пекин, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Овоздиҳии интихобкунандагон дар қитъаи овоздиҳии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин субҳи барвақт оғоз ёфт. Аввалин шуда, гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба қитъаи овоздиҳӣ омаданд. Дар байни онҳо Шедфар Лиқоев ва Манижа Сайфуллоева низ ҳастанд.      Шедфар Лиқоев донишҷӯи соли аввали факултаи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳи Пекин мебошад. Вай зикр кард, ки дар интихобот бори аввал иштирок мекунад ва имрӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ҳаминаш қобили қайд аст, ки мо аз Тоҷикистон ҳазорон фарсах дур бошем ҳам, ҳуқуқи конститутсионии худро амалӣ месозем.        Донишҷӯӣ соли 4 – уми факултаи иқтисодиёт ва тиҷорати байналхалқии донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар интихобот бори дуюм ширкат меварзад. Ӯ бори аввал дар интихоботи Президенти Тоҷикистон иштирок карда буд. Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод муттасил густариш меёбанд. Ман имсол донишгоҳро хатм карда, ҳамчун мутахассис ба ватан бармегардам. Кӯшиш хоҳам кард, ки донишҳои дар Пекин омӯхтаамро зимни фаъолияти меҳнатӣ ба манфиати халқу ватан амалӣ созам, гуфт Манижа.        Овоздиҳӣ дар қитъаи интихоботии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин то соати 18 давом мекунад.

Февраль 28, 2010 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад