ОЗМУНИ ЭҶОДӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Февраль 19, 2010 16:58

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамроҳи  Созмони  ғайридавлатӣ ва  ғайритиҷоратии  байналмилалии «Хоуп» ва  Муассисаи  «Аутрич  дар ҳифзи  саломатии  мардум»,  ки  аз  ҷониби  Агентии  рушди байналхалқии  ИМА  маблағгузорӣ  карда  мешавад,  дар  соҳаи  журналистика  барои  мақолаҳо ва барномаҳои  электронӣ  дар  мавзӯи   пешгирӣ  ва табобати  бемории  сил   озмун  эълон  менамояд.  Озмуни  мазкур  бо  мақсади  дастгирӣ  намудани  Барномаи  миллии  табобати  бемории  сил  эълон  карда  мешавад. Барои онҳое, ки дар  озмун  ҷои  аввалро  ишғол  менамоянд,  1300 сомонӣ,  барои  ҷои  дуюм 800  сомонӣ  ва  ҷои  сеюм  500 сомонӣ мукофот дода  мешавад.  Дар  озмун   мақолаҳои дар  матбуот чопшуда ва барномаҳои  телевизионӣ,  радио ва интернет иштирок  карда  метавонанд, ки  аз  20  марти  соли  2009  то  10  марти  соли  2010 таҳия  ва  нашр  карда  шудаанд. Зимни  пешниҳоди  мақолаҳо  ва барномаҳо  рӯзи  чопи онҳо,  рубрика,  мавзӯъ,  муаллиф  ё  гурӯҳи  муаллифон   бояд  аниқ  зикр  карда  шаванд. Мақолаҳо  ва  барномаҳои  ба  озмун  пешниҳодшаванда  дар  дафтари  матбуоти  Вазорати тандурустӣ  қабул  карда  мешаванд.

Февраль 19, 2010 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад