ОЗМУНИ РАССОМОН «РОҒУН ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР»

Февраль 19, 2010 15:04

Душанбе,  19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-  Бо ташаббуси раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб озмуни рассомон  дар мавзӯи «Роғун фардои дурахшони кишвар» ҷамъбаст гардид.  Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  дар озмун, ки дар Кохи ҷавонон баргузор гардид расмҳои беҳтарини рассомони ҷавони шаҳри Кӯлоб ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷамъбасти озмун раиси Кумитаи мазкур ширкат варзида, ба 5 нафар ғолибон, саҳмияҳои НОБ-и Роғун ва дипломҳоро супорид. Дар рафти озмун маълум гардид, ки ҷавонону наврасон аҳамияти ин иншооти тақдирсозро хуб дарк намудаанд. Ҳамчунин ғолибон барои иштирок дар озмуни рассомони ҷавон даъват гардиданд, қайд намуд манбаъ.   

Февраль 19, 2010 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад