ОЗМУНИ РАССОМОН «РОҒУН ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР»
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо ташаббуси раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб озмуни рассомон дар мавзӯи «Роғун фардои дурахшони кишвар» ҷамъбаст гардид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар озмун, ки дар Кохи ҷавонон баргузор гардид расмҳои беҳтарини рассомони ҷавони шаҳри Кӯлоб ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷамъбасти озмун раиси Кумитаи мазкур ширкат варзида, ба 5 нафар ғолибон, саҳмияҳои НОБ-и Роғун ва дипломҳоро супорид. Дар рафти озмун маълум гардид, ки ҷавонону наврасон аҳамияти ин иншооти тақдирсозро хуб дарк намудаанд. Ҳамчунин ғолибон барои иштирок дар озмуни рассомони ҷавон даъват гардиданд, қайд намуд манбаъ.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






