ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРБАРИ ТОҶИКИСТОН БОЗДОШТА ШУД

Февраль 25, 2010 11:44

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Ҳавопаймои  мусофирбари  ширкати  ҳавопаймоии  Тоҷикистон – «Сомон Эйр» се  шабонарӯз боз бо  80  нафар   мусофири  худ  аз  фурудгоҳи  «Емеляново» — и   шаҳри  Красноярск  парвоз  карда  наметавонад.  Ҳавопаймо  мебоист  22  феврал  парвоз  мекард,  вале  парвози он  боздошта шуд. Аз  дафтари  матбуоти  ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  ҳавопаймои  мусофирбари  Хуҷанд —  Красноярск  қабл  аз  ин  ҳар  ҳафта  рӯзи  шанбе  парвоз  мекард. Парвози  ҳавопаймо  дар  давоми  чанд  моҳи охир  ба  рӯзи  душанбе  гузаронида  шуд.  Агентии  федералии   назорати   парвозҳои   Федератсияи  Русия  22  феврал  ба  парвози  ҳавопаймои  Тоҷикистон  аз фурудгоҳри  Красноярск  иҷозат  надод. Роҳбарияти  ширкати  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр»  ба  мусофирон  пешниҳод  намуд, ки  ё  чиптаҳояшонро  супоранд  ё парвози ҳавопаймои   навбатиро  то  27  феврал интизор  шаванд.  Роҳбари  дафтари  матбуоти  «Сомон Эйр»  Темур  Бандишоев ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  мусофирони  ҳавопаймо  айни  ҳол  дар  меҳмонхонаи  фурудгоҳ  ҷой  дода,  бо хӯрока таъмин  карда  шудаанд. Сабаби  боздоштани  парвози  ҳавопаймо  муайян  карда  мешавад. Емеляново фурудгоҳи  асосии шаҳри  Красноярск  буда,  мақоми  фурудгоҳи  байналхалқӣ  дорад.  Фурудгоҳ  аз  шаҳри  Красноярск  27  километр  дуртар  воқеъ  гардидааст.

Февраль 25, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад