ПАЁМИ Н.НАЗАРБОЕВ БА ПАРЛУМОНИ ҚАЗОҚИСТОН

Февраль 3, 2010 11:11

Душанбе,  3 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  Президенти  Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев  29  январ  паёми  худро  дар  бораи   роҳу  усулҳои тараққиёти  иқтисодиёти  мамлакат  ба  маълумоти  аъзои  палатаҳои  парлумони  ҷумҳурӣ  расонид. Дар  паём  нақшаи  дурнамои  тараққиёти   мамлакат   барои   даҳ  соли оянда  муайян  карда  шудааст. Н.Назарбоев  зикр  намуд, ки  Қазоқистон тӯли  солҳои  гузашта  ба  дастовардҳои  намоён  ноил  гардид. Ҳаҷми  маҳсулоти  умумии дохилии   ҷумҳурӣ   соли  2008   нисбат ба  соли  2000 қариб  ду  баробар  афзуд,   маблағи  маоши  миёнаи  моҳонаи  коргарон  5  баробар   ва  маблағи  миёнаи  нафақа   се  баробар  афзуд. СММ  бо  назардошти  муваффақиятҳои  ба даст  овардаи   Қазоқистон  онро  ба  рӯйхати  мамлакатҳои дорои  нерӯи  бузурги  инсонӣ  дохил  намуд. Президенти  Қазоқистон  зикр  намуд, ки    дар  назди  ҷомеа  то  соли  2020   азифаҳои нав   гузошта  мешаванд. Бо  супориши  президент  ҳукумати  мамлакат  барномаи давлатии  тараққиёти   соҳаҳои  саноату  кишоварзиро   таҳия  намуд. Тӯли  солҳои оянда  дар  ҳамаи  соҳаҳои  иқтисодиёти  мамлакат  162  барнома   амалӣ  карда  мешаванд, ки барои  иҷрои онҳо 6,5  триллион  танга  ҷудо  карда  мешавад. Дар  паёми  президенти  Қазоқистон  пешбинӣ  карда  мешавад, ки   мактабҳои  мамлакат  тӯли  солҳои оянда  ба  системаи таълими  12 – сола  гузаронида  мешаванд. Н.Назарбоев эълон  кард, ки  ба  шарафи  иди  65 – солагии  ғалаба  ба  ҳар  иштирокчӣ  ва  маъюби  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  65 – ҳазор  танга  мукофот   дода  мешавад. Инчунин  маблағи  маоши  коргарон   ва  стипендияи  донишҷӯён  аз  моҳи  апрел  сар  карда 25  фоиз   зиёд  карда  хоҳад  шуд.

Февраль 3, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад