ПОКИСТОН ҚАРЗИ ТОҶИКИСТОНРО БА КӮМАКИ БЕБОЗГАШТ ТАБДИЛ ДОД

Февраль 28, 2010 15:07

          Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дирӯз, 27 феврал бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои сохтмони хати баландшиддати интиқоли қувваи барқ ва роҳҳои мошингард дар байни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, инчунин масъалаҳои ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ муҳокима шуданд.           Холид Усмон Қайсар мактуби ҷавобии Сарвазири мамлакаташ Юсуф Ризо Гелониро ба Оқил Оқилов супорид. Дар мактуб гуфта мешавад, ки Покистон қарзи Тоҷикистонро аз ин мамлакат ба кӯмаки бебозгашт табдил дод.            Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки маблағи қарзи Тоҷикистон аз Покистон бештар аз 13 миллион доллари ИМА — ро ташкил медод. 

Февраль 28, 2010 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад