ПОРАИ ГИРИФТАИ ҚОСИМОВ АЗ ДАСТ РАФТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Заминсози хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Мастчоҳ Усмонқул Қосимов барои ҷудо намудани 0, 8 га замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвад «Д» бо роҳи тамаъҷӯӣ ба ҳайси пора 3 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кард. Шаҳрванд «Д» аз болои У. Қосимов барои амали ғайриқонуниаш бо ариза муроҷиат намуд. Дар вақти гузаронидани корҳои фаврӣ — тафтишотӣ 15 – уми январи соли 2010 У. Қосимов аз тарафи кормандони Сарраёсати тафтишотии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия дастгир гардида, аз ӯ маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати У. Қосимов аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия бо моддаи 319 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






