ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ УКРАИНА САВГАНД ЁД МЕКУНАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Ваколатҳои Президенти ҳозираи Украина Виктор Юшенко 25 феврал ба охир мерасад. Ҳамон рӯз маросими савгандёдкунии президенти нави мамлакат Виктор Янукович баргузор хоҳад гашт. Хабар дода мешавад, ки ба маросими савгандёдкунии В.Янукович қариб 100 ҳайати мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла сарони давлатҳои Булғористон, Туркия, Руминия, Маҷористон, Литва, Лаҳистон, Латвия, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, мамлакатҳои ҳамсоя, ИДМ, инчунин мамлакатҳое даъват шудаанд, ки бо Украина муносибатҳои хуби тиҷоратӣ доранд. Ҷамъомади тантанавӣ 25 феврал бо маросими савгандёдкунии президенти нави мамлакат В.Янукович дар Радаи олии Украина оғоз меёбад. Баъди он роҳбарияти қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар назди президент ва котиботи он савганди садоқат ёд мекунанд. Сипас дар Қасри Украина «зиёфати хоксорона» ороста мешавад. Ҳамон рӯз инчунин силсилаи мулоқотҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудаанд. Муовини роҳбари Ҳизби минтақаҳои Украина Сергей Левочкин ба хабарнигорон гуфт, ки тамоми чорабиҳои маросими савгандёдкунӣ бе ягон тантанаи зиёдатӣ ва хоксорона гузаронида мешавад. Мо ҳамаи онҳоро тавре мегузаронем, ки халқи Украина аз президенти худ ифтихор кунад, гуфт вай.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






