РАИСИ КИ ИДМ КАЙ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД?

Февраль 3, 2010 13:46

Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми 3 феврал ҳайате аз нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ бо мақсади  мушоҳида аз ҷараёни омодагӣ ва  баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе меоянд. Дар ин хусус роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Ин ҳайат аз нозирони дарозмуддат иборат буда, то натиҷагирӣ аз ҷараёни  баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Онҳо баъди гирифтани шаҳодатномаи нозирӣ бо масъулини Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, ба ҳавзаю қитъаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар карда,  бо ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ шинос мешаванд. Алҳол, дар Тоҷикистон ҳайати нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба фаъолият шурӯъ кардааст.  Ҳамзамон, ташрифи ҳайати нозирон аз Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар аст. Интизор меравад, ки то рӯзҳои баргузории интихоботи парлумонӣ  Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ба Душанбе меояд. Дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар нозирони ИДМ ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон мушоҳида менамоянд.

Февраль 3, 2010 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад