РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Февраль 25, 2010 12:04

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  Раиси  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  Сергей  Лебедев пагоҳ, 26  феврал ба  Душанбе  меояд. Тавре  хабар  дода шуда буд, С.Лебедев  ба  ҳайати  нозирони мамлакатҳои ИДМ  дар назорати  ҷараёни  интихоботи  парлумони  мамлакат ва  гузаронидани  мулоқотҳо  бо  намояндагони расмии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  роҳбарӣ  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ  «Ховар» ёдовар  мешавад, ки бо  даъвати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳайати  нозирони  ИДМ  аз  5  феврал  сар  карда, ҷараёни  тайёрӣ ва   гузаронидани  интихоботи  Маҷлиси  намояндагонро  назорат  мекунад. Ба  ҳайати  мазкур   аз  Озарбойҷон,  Арманистон,  Белорусия,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия,  Ӯзбекистон, Ассамблеяи  байнипарлумонии   давлатҳои  ИДМ, Маҷлиси  парлумонии Иттифоқи  Русия  ва  Белорусия,  инчунин  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  150  нафар  шомиланд. Инчунин  11  нафар  намояндаи  Созмони   ҳамкории  Шанхай  ва 6  нафар намояндаи   Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  барои назорати  ҷараёни  интихобот  ба  Тоҷикистон  омаданд.

Февраль 25, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд