РОҲҲОИ РУШДИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАСИСАҲОИ МОЛИЯВИИ МАМЛАКАТҲОИ ИСЛОМӢ
Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳҳои рушди муассисаҳоии молиявии мамлакатҳои исломӣ» таҳти чунин унвон 11 марти соли 2010 дар меҳмонхонаи RIXOS- Алмаато конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи Форуми молиявии Қазоқистон, ки ҳамасола- аз соли 2006 гузаронида мешавад, ташкил карда шуда, яке аз калонтарин чорабиниҳо дар соҳаи бозори молиявӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар конфронс беш аз 200 нафар намояндагони институтҳои молиявии Қазоқистон, ширкатҳо ва мақомоти марбутаи давлатӣ ширкат менамоянд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронс бо дастгирии Маркази минтақавии молиявии шаҳри Алмаато ва Ассотсиатсияи молияшиносони Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он масъалаҳои марбут ба роҳҳои рушди маблағгузории давлатҳои исломӣ, таҷрибаи рушди бахши муассисаҳои исломӣ, таҷрибаи давлатҳои гуногуни мусулмонӣ, дурнамои рушди маблағгузории муассисаҳои молиявии Қазоқистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баррасӣ мегарданд. Дар конфронс ҳамчунин, намояндагони институтҳои молиявии Қазоқистон, Русия, давлатҳои ИДМ, Шарқи Наздик ва Осиё, ки ҷанбаъи фаъолияти худро ба рушди маблағгузорӣ равона намудаанд, иштирок менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи конфронс расми анъанавии супоридани мукофоти солонаи Invetfunds AVARDS ва Cbonds AVARDS, ки ҳамасола ба роҳбарони бозорҳои молиявии Қазоқистон ихтисос дода шудааст, супорида мешавад.