РОҲҲОИ РУШДИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАСИСА&#1202ОИ МОЛИЯВИИ МАМЛАКАТ&#1202ОИ ИСЛОМӢ

Февраль 25, 2010 10:16

Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳҳои рушди муассисаҳоии молиявии мамлакатҳои  исломӣ» таҳти чунин унвон 11 марти соли 2010 дар меҳмонхонаи   RIXOS- Алмаато конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи Форуми молиявии Қазоқистон, ки ҳамасола- аз соли 2006 гузаронида мешавад, ташкил карда шуда, яке аз калонтарин чорабиниҳо дар соҳаи бозори молиявӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар конфронс беш аз 200 нафар намояндагони институтҳои молиявии Қазоқистон, ширкатҳо ва мақомоти марбутаи давлатӣ ширкат менамоянд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронс бо дастгирии Маркази минтақавии  молиявии шаҳри Алмаато ва Ассотсиатсияи молияшиносони  Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни  конфронс иштирокдорони он масъалаҳои марбут ба роҳҳои рушди маблағгузории давлатҳои исломӣ, таҷрибаи рушди бахши муассисаҳои исломӣ, таҷрибаи давлатҳои гуногуни мусулмонӣ, дурнамои рушди маблағгузории муассисаҳои молиявии  Қазоқистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баррасӣ мегарданд. Дар конфронс ҳамчунин, намояндагони  институтҳои молиявии Қазоқистон, Русия, давлатҳои ИДМ, Шарқи Наздик ва Осиё, ки ҷанбаъи фаъолияти худро ба рушди маблағгузорӣ равона намудаанд, иштирок менамоянд.     Ҳамчунин, дар доираи  конфронс расми анъанавии супоридани мукофоти  солонаи Invetfunds AVARDS  ва  Cbonds AVARDS, ки ҳамасола ба роҳбарони  бозорҳои молиявии Қазоқистон ихтисос дода шудааст, супорида мешавад.

Февраль 25, 2010 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд