РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Ваҳдат, 15 феврал. (АМИТ »Ховар» Зебо Давлатова). — Сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат, Ҷамолиддин Сафаров ба хабарнигори Амит»Ховар оид ба соҳаи кишоварзӣ чунин иттилоъ дод, оқилона ва самаранок истифода бурдани замин имконият дод,ки хоҷагидорон ба маблағи 354 млн 512 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол намоянд.Ин муқоиса ба давраи соли 2008 13,2млн сомонӣ зиёд буда,афзоиши он ба 3,9 фоизро ташкил медиҳад.Аз ҷумла ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 259 ва чорводорӣ 95,8млн-ро ташкил медиҳад.Самаранок истифода бурдани замин имконият дод,ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумӣ зиёд ва буҷаи маҳаллӣ афзун гардад.Истифодабарии замин дар хоҷагиҳои инфиродӣ ва наздиҳавлигии аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва аксарияти онҳо кишти такрориро хуб ба роҳмондаанд.Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17643 гектар,аз ҷумла дар майдони 10187 гектар зироатҳои ғалладонагӣ,906 гектар пахта, 925 гектар картошка, 2047 гектар зироатҳои полизӣ,175 гектар зағер,22 гектар тухми сабзавот ва дар майдони 2553 гектар хӯроки чорво кишт карда шуд.Аз майдони 7954 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ 26726 тона ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки ба як гектар 33,6 сентнерӣ роят меояд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамолиддин Сафаров афзуд ,ки хоҷагиҳои»Файзи Ваҳдат», »А,Кенҷаев», «Ленин», Ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Саховат» ва «Намуна- 2005» аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 51,8 то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки нисбати нишондиҳандаҳои соли гузашта зиёд мебошад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






