РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Февраль 15, 2010 16:19

Ваҳдат, 15 феврал. (АМИТ »Ховар» Зебо Давлатова). — Сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат, Ҷамолиддин Сафаров ба хабарнигори Амит»Ховар оид ба соҳаи кишоварзӣ чунин иттилоъ дод, оқилона ва самаранок истифода бурдани замин имконият дод,ки хоҷагидорон ба маблағи 354 млн 512 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол намоянд.Ин муқоиса ба давраи соли 2008 13,2млн сомонӣ зиёд буда,афзоиши он ба 3,9 фоизро ташкил медиҳад.Аз ҷумла ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 259 ва чорводорӣ 95,8млн-ро ташкил медиҳад.Самаранок истифода бурдани замин имконият дод,ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумӣ зиёд ва буҷаи маҳаллӣ афзун гардад.Истифодабарии замин дар хоҷагиҳои инфиродӣ ва наздиҳавлигии аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва аксарияти онҳо кишти такрориро хуб ба роҳмондаанд.Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17643 гектар,аз ҷумла дар майдони 10187 гектар зироатҳои ғалладонагӣ,906 гектар  пахта, 925   гектар картошка, 2047 гектар зироатҳои полизӣ,175 гектар зағер,22 гектар тухми сабзавот ва дар майдони 2553 гектар хӯроки чорво кишт карда шуд.Аз майдони 7954 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ 26726 тона ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки  ба як гектар 33,6 сентнерӣ роят меояд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамолиддин Сафаров афзуд ,ки хоҷагиҳои»Файзи Ваҳдат», »А,Кенҷаев», «Ленин», Ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Саховат» ва «Намуна- 2005» аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 51,8 то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки  нисбати  нишондиҳандаҳои соли гузашта зиёд мебошад.        

Февраль 15, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад