РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВАКИЛИ ШАҲРӢ МЕШАВАД
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ташкилотҳои ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар конфронси 16-уми худ, номзадии сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалиро ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи рақами 23 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод карданд. Ҳамчунин, дар ин ҳавза ду номзади дигар ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудаанд. Онҳо Мирзои Хуршед, (ғайриҳизбӣ) сармутахассиси шӯъбаи ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, инчунин Ҳамроқул Одинаев намоянда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, коргари ширкати «Титако» мебошанд. Дар ин хусус аз ташкилоти шаҳрии ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Бояд зикр кард, ки итихоботи вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе дар радифи интихоботи порлумонӣ 28 феврали соли 2010 баргузор мешавад. Ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳри Душанбе 70 вакил интихоб мешаванд ва дар ҳамаи 70 ҳавза ҲХДТ номзадҳои худро пешниҳод кардааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






