СӮҲБАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРИ ҲАЙАТИ ХБА

Февраль 12, 2010 15:06

12 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба нишондодҳои барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор зоҳир гардид. Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг, мутобиқи он Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон илова бар 40 миллион доллари амрикоӣ, ки соли 2009 ҷудо шуда буд, боз 40 миллион доллари дигар барои дастгирии тадбирҳои зиддибўҳронӣ бояд ҷудо намояд. Гуфтугўйи судманд оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, муносибот бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон  сурат гирифт. Аксел Шиммелпфенниг ба самарабахшии тадбирҳои зиддибўҳронии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки ба ҳадди 3,4% таъмин намудани афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 нишондоди хуб аст, зеро бисёр кишварҳои ҷаҳон соли гузаштаро бо нишондодҳои пастравии зиёд ҳатто то 10-15% ҷамъбаст намуданд. Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд. Дар робита ба мавзўи энергетика дар  барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон бояд норасоии нерўи барқро тавассути сохтмони иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ бартараф сохта, ба омодасозии кадрҳои баландпояи соҳаи энергетика таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намояд». Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.        

Февраль 12, 2010 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад