САҲА РАСОНДАНИ КӮМАКРО БА ТОҶИКИСТОН ДАВОМ МЕДИҲАД

Февраль 18, 2010 11:53

Душанбе,  18  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Директори Агентии  назорати  маводи  нашъадори  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рустам  Назаров  дирӯз  бо  роҳбари  намояндагии  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  дар  Тоҷикистон, сафир  Ивар  Викки  мулоқот  кард. Зимни  мулоқот  масъалаҳои  ҳамкории  оянда   дар  соҳаи   пешгирии  нашъамандӣ  ва  иҷрои  барномаҳои  марбут ба  ташвиқоту тарғиботи  зидди  маводи  нашъадор  дар  ноҳияҳои  наздисарҳадии  ВМКБ,  вилоятҳои  Суғду  Хатлон  ва  ноҳияҳои тобеи  марказ муҳокима  карда  шуданд. Роҳбари  намояндагии  САҲА  дар  Тоҷикистон  зикр  намуд, ки   созмон   маблағгузориро  барои  иҷрои  барномаҳои  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  дар  Тоҷикистон   дар  соли  2010  низ  давом  медиҳад. И.Викки  афзуд, ки  САҲА ба  фаъолияти Агентии  назорати  маводи  нашъадори  Тоҷикистон  ва тадбирҳои  Ҳукумати  мамлакат  дар  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  баҳои  баланд  медиҳад. Инчунин  масъалаҳои ташкили   курсҳои  кӯтоҳмуддати такмили  маҳорати  касбии  кормандони   дафтарҳои  матбуоти  мақомоти  муҳофизи  қонун  ва   сохторҳои  низомии  Тоҷикистон   мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд.  Дар  фарҷоми  мулоқот  изҳори  умед  карда шуд, ки  ҳамкории  Агентии  маводи  нашъадори  Тоҷикистон  бо  намояндагии  САҲА  дар  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  дар  оянда  ҳам  давом  дода  мешавад.  

Февраль 18, 2010 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид