САБАБҲОИ ВАФОТИ МОДАРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 24, 2010 13:51

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Дар  Тоҷикистон  миқдори вафоти  модарон  хеле  зиёд  аст, вале Ҳукумати  мамлакат  барои  кам  кардани  вафоти  онҳо  тадбирҳо  меандешад,  гуфт  муовини  аввали  вазири  тандурустии  ҷумҳурӣ  Саида  Ҷобирова  зимни сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар». Бо  ин  мақсад   барои  барқарор  сохтани  саломатии  модарон  силсилаи қонунҳо,  аз  ҷумла барномаи  миллии  стратегӣ, ба  нақшагирии оила, нақшаи  миллии  кам  кардани  вафоти  модарон  зимни  таваллуд   қабул  гардидаанд.  Сабабҳои  асосии  вафоти  модарон  пеш  аз  ҳама бо  асбобу  анҷоми  зарурӣ  таъмин набудани таваллудхонаҳо ва  бемориҳои  гуногун  мебошад. С.Ҷобирова изҳор  намуд, ки  ба бисёр  модарон  сари  вақт  кӯмаки  тиббӣ расонида  намешавад.  Дар  аксари  мавридҳо  занон  бо  сабаби  дури  роҳ  имкон  надоранд, ки  ба  духтур  муроҷиат  кунанд. Муассисаҳои тиббии  шаҳру  ноҳияҳои дурдаст барои   сари  вақт расонидани  кӯмаки   аввалияи тиббӣ   воситаҳои нақлиёт  надоранд. Муовини  вазири  тандурустӣ  зикр  намуд, ки  вақтҳои охир  дар  натиҷаи  тадбирҳои  андешидашуда  миқдори  вафоти  модарон  то  андозае  коҳиш  ёфтааст.  Қайд  карда шуд, ки  соли  2008   аз  ҳар   сад  ҳазор  зани  кӯдаки  зинда таваллудкарда 40,8  фоиз,  яъне  79  нафар  ва  соли 2009 аз  ҳамин  миқдор  занон  30, 8  фоиз  ё  61  нафар  вафот  кардааст.  Дар  ин  муддат   дар  маҳалҳо бо  иштироки  кормандони  муассисаҳои тиббӣ  машғулиятҳои  гуногун гузаронида шуданд. Сабаби  дигари  вафоти  модарон  бад  будани   вазъи  саломатии  онҳо  дар  натиҷаи   камхӯрокӣ  мебошад.  Занони  ҳомила  бояд  хӯроки  серғизо  истеъмол  намоянд. Вале  онҳо  дар  аксари  мавридҳо  чунин  имконият  надоранд. Бонки  ҷаҳонӣ  ба  Тоҷикистон   барои беҳтар сохтани   хӯроки  занони  ҳомила  ба  маблағи 4  миллион   доллари  ИМА  кӯмаки  иловагӣ  расонд. Бо  ин  маблағ  маводи  хӯрока  харида,  дар  байни  сад ҳазор  нафар  занони  вилоятҳои  Хатлон  ва  Суғд  тақсим  карда шуд. Бояд  гуфт, ки  масъалаи   кам  кардани  миқдори  вафоти  модаронро  дар  муддати  кӯтоҳ  ҳал  кардан   имкон  надорад.  Ин   аз  бисёр  ҷиҳат  ба  пешрафти  иқтисодиёти  мамлакат  вобаста  мебошад. Боварӣ  дорам, ки  ин  проблема  тадриҷан  баробари   беҳтар  гардидани  вазъи  иқтисодии  мамлакат  ҳал  карда  мешавад,  гуфт  дар  хотима  Саида  Ҷобирова.

Февраль 24, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд