САБАБҲОИ ВАФОТИ МОДАРОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Тоҷикистон миқдори вафоти модарон хеле зиёд аст, вале Ҳукумати мамлакат барои кам кардани вафоти онҳо тадбирҳо меандешад, гуфт муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саида Ҷобирова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Бо ин мақсад барои барқарор сохтани саломатии модарон силсилаи қонунҳо, аз ҷумла барномаи миллии стратегӣ, ба нақшагирии оила, нақшаи миллии кам кардани вафоти модарон зимни таваллуд қабул гардидаанд. Сабабҳои асосии вафоти модарон пеш аз ҳама бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин набудани таваллудхонаҳо ва бемориҳои гуногун мебошад. С.Ҷобирова изҳор намуд, ки ба бисёр модарон сари вақт кӯмаки тиббӣ расонида намешавад. Дар аксари мавридҳо занон бо сабаби дури роҳ имкон надоранд, ки ба духтур муроҷиат кунанд. Муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои сари вақт расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ воситаҳои нақлиёт надоранд. Муовини вазири тандурустӣ зикр намуд, ки вақтҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда миқдори вафоти модарон то андозае коҳиш ёфтааст. Қайд карда шуд, ки соли 2008 аз ҳар сад ҳазор зани кӯдаки зинда таваллудкарда 40,8 фоиз, яъне 79 нафар ва соли 2009 аз ҳамин миқдор занон 30, 8 фоиз ё 61 нафар вафот кардааст. Дар ин муддат дар маҳалҳо бо иштироки кормандони муассисаҳои тиббӣ машғулиятҳои гуногун гузаронида шуданд. Сабаби дигари вафоти модарон бад будани вазъи саломатии онҳо дар натиҷаи камхӯрокӣ мебошад. Занони ҳомила бояд хӯроки серғизо истеъмол намоянд. Вале онҳо дар аксари мавридҳо чунин имконият надоранд. Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои беҳтар сохтани хӯроки занони ҳомила ба маблағи 4 миллион доллари ИМА кӯмаки иловагӣ расонд. Бо ин маблағ маводи хӯрока харида, дар байни сад ҳазор нафар занони вилоятҳои Хатлон ва Суғд тақсим карда шуд. Бояд гуфт, ки масъалаи кам кардани миқдори вафоти модаронро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан имкон надорад. Ин аз бисёр ҷиҳат ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат вобаста мебошад. Боварӣ дорам, ки ин проблема тадриҷан баробари беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ҳал карда мешавад, гуфт дар хотима Саида Ҷобирова.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






