САФОРАТ МАЪЛУМОТИ ВАО – РО БЕПОЯ ХОНД

Февраль 26, 2010 10:32

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар   сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иттилооти      паҳн намудаи рӯзномаҳои мустақилро оид ба бесифат ва ғайристандартӣ ворид намудани 68 ҳазор тонна орди гандум, ки моҳҳои август – октябри соли 2009 ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон   Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия интиқол додаст,  бепоя хонданд. Бино ба гуфти кормандони масъули маркази матбуотии сафорат, бо супориши Ҳукумати ФР дар моҳҳои август – октябри соли 2009 барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7347 тонна орди гандум интиқол дода шудааст.  Масъулияти назорати миқдор ва сифати бор ба гардани намояндагони Палатаи савдо ва саноати ФР гузошта шуда, бор бо сертификати сифат ва сертификати фитосанитарӣ вориди Тоҷикистон гардонида шудааст. Миқдору сифати бор дар ҶТ аз тарафи намояндагони Агентии захираҳои давлатӣ ва Палатаи савдои Тоҷикистон бе ягон эътироз кабул шудааст. Сафорат инро як чизи хаёлии бофтаи ВАО хонд ва хоҳиш менамояд, ки чунин чизҳои ғаразноки   муносибатҳои дӯстонаи ҳарду давлатро халалдоркунанда     набояд дар ҳарду давлат  матбуотӣ шаванд.

Февраль 26, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад