САФОРАТ МАЪЛУМОТИ ВАО – РО БЕПОЯ ХОНД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иттилооти паҳн намудаи рӯзномаҳои мустақилро оид ба бесифат ва ғайристандартӣ ворид намудани 68 ҳазор тонна орди гандум, ки моҳҳои август – октябри соли 2009 ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия интиқол додаст, бепоя хонданд. Бино ба гуфти кормандони масъули маркази матбуотии сафорат, бо супориши Ҳукумати ФР дар моҳҳои август – октябри соли 2009 барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7347 тонна орди гандум интиқол дода шудааст. Масъулияти назорати миқдор ва сифати бор ба гардани намояндагони Палатаи савдо ва саноати ФР гузошта шуда, бор бо сертификати сифат ва сертификати фитосанитарӣ вориди Тоҷикистон гардонида шудааст. Миқдору сифати бор дар ҶТ аз тарафи намояндагони Агентии захираҳои давлатӣ ва Палатаи савдои Тоҷикистон бе ягон эътироз кабул шудааст. Сафорат инро як чизи хаёлии бофтаи ВАО хонд ва хоҳиш менамояд, ки чунин чизҳои ғаразноки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду давлатро халалдоркунанда набояд дар ҳарду давлат матбуотӣ шаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






