САЙМИДДИН ДӮСТОВ РАҚИБОНАШРО БА ДЕБАТ ДАЪВАТ МЕКУНАД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Саймиддин Дӯстов, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи Файзобод №11, рақибонаш дар ин ҳавза Акоша Кабиров ва Меъроҷиддин Ҳакимовро ба муколама (дебат)-и озоди телевизионӣ даъват кард. Гуфта мешавад, номбурда бо пахши як изҳорот ҷиҳати истифода аз ҳуқуқи қонунгузории кишвар, ки 15 дақиқа вақти телевизионӣ барои пешниҳоди барномаҳои пешазинтихоботӣ ва муаррифии номзадҳо пешбинӣ кардааст, мехоҳад ҷамъулҷамъ аз се номзад 45 дақиқа барои баргузории дебатҳои телевизионии озод истифода намояд. «Ин дар ҳолест, ки хеле аз номзадҳои дигар аз вақти ройгони ҷудошуда дар телевизион истифода намекунанд ва ин амали мо метавонад дар рушди демократия ва интихоботҳои шаффоф ва демократӣ дар Тоҷикистон як навоварие бошад», — изҳор дошт мавсуф. Саймиддин Дӯстов мехоҳад бо ин амал дар интихоботҳои оянда дебатҳои кушодаи телевизиониро, ки дар демократияи кишварҳои ғарб маъмулианд, дар Тоҷикистон низ амалӣ созад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷавоби расмии номзадҳо, рақибони асосиаш — Меъроҷиддин Ҳакимов ва Акоша Кабировро интизор аст.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






