САЙМИДДИН ДӮСТОВ РАҚИБОНАШРО БА ДЕБАТ ДАЪВАТ МЕКУНАД

Февраль 24, 2010 07:37

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Саймиддин Дӯстов, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи Файзобод №11, рақибонаш дар ин ҳавза Акоша Кабиров ва Меъроҷиддин Ҳакимовро ба муколама (дебат)-и озоди телевизионӣ даъват кард. Гуфта мешавад, номбурда  бо пахши як изҳорот   ҷиҳати истифода аз ҳуқуқи қонунгузории кишвар, ки 15 дақиқа вақти телевизионӣ барои пешниҳоди барномаҳои  пешазинтихоботӣ ва муаррифии номзадҳо пешбинӣ кардааст, мехоҳад ҷамъулҷамъ аз се номзад 45 дақиқа барои баргузории дебатҳои телевизионии озод истифода намояд.  «Ин дар ҳолест, ки хеле аз номзадҳои дигар аз вақти ройгони ҷудошуда дар телевизион истифода намекунанд ва  ин амали мо метавонад  дар рушди демократия ва интихоботҳои шаффоф ва демократӣ дар Тоҷикистон як навоварие бошад», — изҳор дошт мавсуф. Саймиддин Дӯстов  мехоҳад бо ин амал  дар интихоботҳои оянда дебатҳои кушодаи телевизиониро, ки дар демократияи кишварҳои ғарб маъмулианд, дар Тоҷикистон низ амалӣ созад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷавоби расмии номзадҳо, рақибони асосиаш — Меъроҷиддин Ҳакимов ва Акоша Кабировро интизор аст.      

Февраль 24, 2010 07:37

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид