САТҲИ КАМБИЗОАТӢ ТАХМИНАН ТО 41,4 ФОИЗ КОҲИШ ХОХАД ЁФТ

Февраль 23, 2010 16:58

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оид ба Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявии муқими Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори он масъалаҳо оид ба беҳбудии сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан ба бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушд ва СПКСК ба ислоҳотӣ идоракунии давлатӣ, ки барои дар кишвар ташаккул додани системаи рушди миллӣ нигаронида шудааст ва хусусияти хоси он шаффофӣ, тобеияти ҳисоботдиҳӣ ва мубориза алайҳи коррупсия мебошад, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо, ки ба тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, таҳқими хуқуқи моликият ва қонуният, рушди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ асос ёфтааст.  Рушди нерӯи инсонӣ, ки асосан ба афзоиши ҳаҷм ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва аҳолии камбизоат ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, фаъолиятнокии иштироки аҳолӣ дар раванди инкишоф, таҳқими шарики иҷтимоӣ нигаронида шудааст.   Дар раванди таҳияи СПКСК барои солҳои 2010-2012 гурӯҳи кори ҳамоҳангсоз ва гурӯҳи коршиносони маҳаллӣ таъсиси дода шуда, бо назардошти пешниҳодоти вазорату идораҳо таҳия гардидааст. Фарқияти Стратегияи навбатӣ аз қаблӣ барои солҳои 2007-2009 дар он аст, ки тадбиру идикаторҳои афзалиятнок муайян гардида шумораи онҳо назаррас кам карда шуданд. Дар ҷамъомади мазкур инчунин қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи босамари СПКСК 2010 — 2012 сатҳи камбизоатӣ тахминан то 41,4 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. 

Февраль 23, 2010 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд