СЕХИ ОКСИГЕН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ваҳдат, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат Тоҳир Икромов иттилоъ дод, корхонаи мазкур барои сохтмони НБО -и «Роғун» ва шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ дар давоми соли гузашта ба маблағи 1 мил. 781ҳазору 468 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Умуман, дар ин давра ба маблағи 2 мил. 232 ҳазору 602 сомонӣ маҳсулот ба фурӯш бароварда шуда, музди меҳнати коргарон то ба 556 сомони боло бурда шуд. «Сехҳои завод, ки солҳои тӯлонӣ бе таъмир ва аксари дастгоҳҳо корношоям гардида буданд, бо маблағҳои худӣ аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд», -гуфт дар анҷоми сӯҳбат Т. Икромов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






