ШИРКАТҲОИ ТОҶИКӢ ДАР НАМОИШГОҲИ АМРИКО
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Ҳайати роҳбарони ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон «Промстрой», «Евростандарт», «Талкоалюминсохтмон», «Авроком» ва «Техно-инвест» дар намоишгоҳи 35-уми маҳсулоти сохтмонӣ, ки дар ш.Лас-Вегас, иллоёти Невадаи ИМА аз 1 то 5 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, иштирок карданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, соҳибкорони тоҷик ба маҳсулотҳои намоишгоҳ шинос шуда, бо намояндагон даҳҳо ширкатҳои амрикоӣ ва байналхалқӣ бо мақсади муҳокимаи нақшаҳои корӣ, харидорӣ кардани таҷҳизоти муосири технологии сохтмонӣ, мулоқот барпо карданд. Ба хусус онҳо ба таҷҳизоти санҷишии маҳсулоти сохтмонии бетонӣ ва истеҳсолу интиқоли бетон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ҳайати ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи мазкур бо намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҷаҳонӣ вохӯрда, оид ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ба ширкатҳои ҷаҳонии «Просек», «Тримбл», «Намбольд», «Швинг Америка Инкорпорейтед», «Афтек», «Вольво», «Катерпиллар», «Бош» «Инстром» гуфтугӯ ва мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Шӯъбаи иқтисодии Сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати тиҷорати ИМА нақша доранд, минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва Амрико ба роҳ монанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






