СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ

Февраль 15, 2010 16:08

Ваҳдат, 15 феврал. (АМИТ»Ховар» Зебо Давлатова). —  Конфронс оид ба «Соли 2010 – соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шудан аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқдоми неке буд гуфт, зимни сӯҳбат муовини мудири маорифи  шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Бо ин эъломия аввалин конфронс дар мактаби рақами 67-и ба нми  Раҷаб Раҳимов-и  шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Директори мактаби мазкур Маҳмадраҷаб Буронов дар гузаронидани ин конфронс заҳмати беандоза сарф намудааст. Шиору овезаҳо оиди масоили «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ», тавлиду кай сохта шудани нерӯгоҳҳои кишвар аз ҷумла нерӯгоҳҳои Варзоб. Вахш, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ, Помир, Сангтӯда ва сохтмонҳои нави дар пеш истода, аз  ҷумла Роғун. Шӯроб ва Даштиҷум хуб ба чашм мерасад. Дар конфронси баргузоргардида,муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода,муовинони директорони тамоми мактабҳои шаҳр, намояндаҳо аз шӯъбаи маорифи шаҳр иштирок доштанд. Хонандагони синфҳои 11-и мактаби мазкур шеърҳо дар васфи НБО-и Роғун навиштаи шоирони маъруфи тоҷикро бо маҳорати баланд қироат намуданд.  Инчунин викторинаи саволу ҷавоб дар миёни хонандагон баргузор гардид. Дар охир муовини мудири маорифи шаҳр Эркамоҳ Мирзоева оид ба харидории саҳмия барои бунёди нерӯгоҳи Роғун иброз намуд, ки маорифчиёни шаҳри Ваҳдат то имрӯз ба маблағи 1 млн. 829 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Ин қатрае аз баҳр аст. Дар оянда низ маорифчиён чунин конфронсҳоро дар тамоми мактабҳои шаҳр бахшида ба «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ» гузаронида, боз баҳри ҳарчи тезтар ба истифода додани НБО – и  Роғун саҳми худро мегузоранд.

Февраль 15, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд