СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН

Февраль 26, 2010 07:34

Дар нимаи дуюми 25 феврали соли 2010  гуфтугўи телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид. Сарварони ду кишвари дўст вазъ ва дурнамои равобити ҳасанаи ду кишварро баррасӣ намуданд. Ба масоили мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла амалӣ кардани пружаҳои муштарак дар арсаҳои мухталиф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зимни сўҳбат як идда масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн низ баррасӣ шуд. Дар иртибот бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рўзи байналмилалии Наврўз эълон кардани 21 март роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамдигар ва мардумони ду кишварро ба ин муносибати фархунда шодбош гуфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 26, 2010 07:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд