ТӮҲФА БА ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТ
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Мактаб — интернати бачагони нобинои ноҳияи Ҳисор соли 1961 кушода шуда буд. Соли аввали ташкили мактаб – интернат дар он ҳамагӣ 14 нафар кӯдаки нобино тарбия карда мешуд. Имрӯз дар ин ҷо 112 нафар таълиму тарбия дода мешавад. 12 омӯзгори мактаб – интернат унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки гурӯҳи намояндагони Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ зимни сафарашон ба Тоҷикистон 17 феврал аз мактаб – интернати мазкур боздид ба амал оварданд. Меҳмонон ба тарбиягирандагон мактаб — интернат китобҳои гуногуни дарсӣ, асбобу анҷоми аёнии таҳсил, ки махсус барои нобиноён таҳия шудаанд, инчунин телевизор ва бозичаҳои гуногун тӯҳфа карданд. Роҳбари ҳайати фонд Татяна Бубнова зикр намуд, ки дар оянда ҳам ба талабагони мактаб – интернат кӯмаки хайрия расонда хоҳад шуд. Дар маросими супуридани тӯҳфа ба талабагони мактаб – интернат вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов низ ҳузур дошт. Вай зикр намуд, ки дастпарварони мактаб – интернат баъди хатми таҳсил бе ягон монеа ба мактабҳои олӣ дохил шуда метавонанд. Вазорати маориф ҳамроҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тарбиягирандагони боистеъдоди чунин муассисаҳои таълимиро ҳамеша дастгирӣ менамояд, гуфт вазир.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






