ТӮҲФА БА ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТ

Февраль 19, 2010 16:51

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – Мактаб —  интернати  бачагони  нобинои  ноҳияи  Ҳисор  соли  1961  кушода шуда буд.  Соли  аввали   ташкили   мактаб – интернат  дар он  ҳамагӣ  14 нафар  кӯдаки  нобино   тарбия  карда  мешуд.  Имрӯз  дар  ин  ҷо  112  нафар  таълиму  тарбия  дода  мешавад. 12  омӯзгори  мактаб – интернат  унвони «Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  доранд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  гурӯҳи  намояндагони  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  ИДМ  зимни  сафарашон   ба  Тоҷикистон  17  феврал  аз  мактаб – интернати  мазкур  боздид  ба  амал  оварданд. Меҳмонон  ба  тарбиягирандагон  мактаб —  интернат  китобҳои  гуногуни  дарсӣ,  асбобу  анҷоми  аёнии таҳсил,  ки  махсус барои  нобиноён  таҳия  шудаанд,  инчунин  телевизор ва  бозичаҳои  гуногун  тӯҳфа  карданд. Роҳбари  ҳайати  фонд  Татяна  Бубнова  зикр  намуд, ки  дар  оянда  ҳам  ба  талабагони  мактаб – интернат  кӯмаки  хайрия  расонда  хоҳад  шуд. Дар  маросими  супуридани  тӯҳфа ба  талабагони  мактаб – интернат  вазири  маорифи  ҷумҳурӣ  Абдуҷаббор  Раҳмонов  низ  ҳузур  дошт. Вай  зикр  намуд, ки  дастпарварони   мактаб – интернат  баъди  хатми  таҳсил  бе ягон  монеа  ба  мактабҳои олӣ  дохил  шуда  метавонанд. Вазорати  маориф  ҳамроҳи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  тарбиягирандагони боистеъдоди  чунин  муассисаҳои таълимиро  ҳамеша  дастгирӣ  менамояд,  гуфт  вазир.

Февраль 19, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад