ТАБИБОНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ АРАБ ИХТИСОС МЕКУНАНД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маркази Ғуним дар назди Донишгоҳи Ал Мансури Ҷумҳурии Мисри Араб дар якҷоягӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳор намудааст, ки барои ҳамкориҳо дар раванди такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ё даъвати коршиносон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст. Тавре аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов бо Котиби генералии Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Самоҳ Ситуҳи вохурӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ масъалаи сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар вохӯрӣ инчунин, қарор шуд, ки бо назардошти имкониятҳои Ҷумҳурии Мисри Араб дар масъалаҳои трансплантатсияи гурда ва ҷигар, бозомўзии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии хизматрасонии махсусгардонидашудаи тиббии мазкур дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






