ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Донишкадаи давлатии тиббии такмили маҳорати кормандони соҳаи тиб ҳамроҳи Донишкадаи давлатии такмили маҳорати кормандони соҳаи тиббӣ Алмаато ва Маркази таълимии тибби оилавии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Созмони байналмилалии такмили маҳорат ва ҳамкории Ҷумҳурии Федероли Олмон мутахассисонро барои таҳсил дар курси кӯтоҳмуддати минтақавии ғоибона бахшида ба табобати бемориҳои ВИЧ/СПИД даъват менамояд. Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба курси мазкур духтурони бемориҳои гуногун интихоб карда мешаванд. Таҳсил дар ин курс чор моҳ давом мекунад. Семинар бахшида ба оғози таҳсил 18 – 19 март ва семинари хотимавӣ рӯзҳои 21 — 22 июн дар шаҳри Бишкек баргузор мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






