ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МАКТАБҲОИ ҒАЙРИТОҶИКӢ
Суғд, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ғайритоҷикӣ забони давлатӣ бояд ҷорӣ шавад. Дар мактабҳои ғайритоҷикии шаҳри Кайроққум ва шаҳракҳои он дар ин самт корҳои зиёд анҷом ёфта, бинобар зиёд будани талабот ва ташкили синфҳои таълими забони давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои нав амалӣ менамоянд. Омӯзиши забони давлатӣ 11 мактабҳои ғайритоҷикӣ мактабҳои русӣ, узбекӣ ва мактабҳои забони таълимашон омехта ташкил карда шудаанд ва синфҳои омӯзиши забони давлатӣ зиёд шуд. Масалан, дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 9, 12 дар ҳар яке як синфи омӯзиши забони давлатӣ афзуд. Дар мактабҳои ғайритоҷикии шаҳри Кайроққум 17 нафар омӯзгори фанни забони давлатӣ ба 2457 нафар хонандагони узбекзабон ва 960 нафар хонандагони русзабон ва намояндагони дигар миллатҳо забони тоҷикӣ таълим медиҳанд. Бар замми ин ба раванди таълим як силсила тадбирҳои дигар, аз ҷумлаи ташкили семинарҳои муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва доимо амалкунанда таҳти унвони умумии «Корвони маънавиёт»-и хонаи методии шӯъбаи маорифи шаҳр ва маҳфили «Ирфон», ки муаллимони забони давлатиро муттаҳид менамоянд, мусоидат мекунад.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






