ТАЪМИНИ 320 МУАССИСАИ ТАБОБАТӢ БО ТАҶҲИЗОТИ КОМПЮТЕРӢ

Февраль 18, 2010 11:31

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад, ки   баҳри беҳбудии соҳаи тандурустӣ ва саломатии мардум корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар бобати дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаи ин Лоиҳа  мухбири АМИТ «Ховар»  бо   Маҳбуба Шералиева, директори маркази татбиқи ин лоиҳа, ҳамсӯҳбат гардид. -Мӯҳтарама Маҳбуба Мустофаевна, марказ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар кадом самтҳо фаъолият дорад? -Маркази татбиқи Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати идоракунии соҳаи тандурустӣ дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, беҳтар кардани дастрасӣ, истифодабарӣ ва қаноатмандии мизоҷон аз хизматҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таъсис дода шудааст. Лоиҳаи мо дар 41 шаҳру ноҳияи вилоёти Суғду Хатлон, ки шумораи умумии аҳолиашон зиёда аз 4,5 миллион (65 фоиз аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) мебошад, амал мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти марказ беҳтар гардондани сиёсат, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии донорон дар Вазорати тандурустӣ, гузарондани ислоҳоти идоравӣ ва молиявӣ дар сохторҳои соҳа, соҳибқудрат сохтани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС), аз қабили бозомӯзии табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, таъминоти онҳо бо лавозимоти тиббӣ, таъмини марказҳои клиникии омӯзишии тибби оилавӣ бо шароитҳои хуби омӯзишӣ ва маишӣ, дар ноҳияҳои ҷудогашта мебошанд.  Барои баланд бардоштани иқтидори соҳаи тандурустии кишварамон ба воситаи озмун 54 корманди баландихтисосеро, ки дар соҳаи маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва таҳлили сиёсати тандурустӣ донишҳои зарурӣ ва малакаи корӣ доштанд, омӯзонда ба кор гирифтем.     Ба ғайр аз ин бинои Вазорати тандурустӣ ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлонро қисман таъмир карда, барои кормандони нав ҳуҷраҳои иловагии корӣ муҳайё намудем. Автобуси хурд, техникаи бисёрҳаҷмаи чопкунӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони намоишдиҳии наворҳои компютер харидорӣ гардида, барои истифода додем.  Бо сабабҳои рух додани ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони иқтисодии солҳои 90-ум ҳамчун дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон кор дар сохтори тандурустии ҷумҳурӣ низ номуназзам гардида буд. Чанд муддат мардуми камбизоат аз хизматрасониҳои хуби тиббӣ дар канор монданд. Албатта, сабаби он пеш аз ҳама нарасидани маблағи буҷетӣ ба шумор мерафт. Ҳоло бошад вазъият ба эътидол омада, зарурати баланд бардоштани иқтидори соҳа ва дигаргуниҳо фаро расидааст. -Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ба ташаккули хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дар ин раванд чӣ нақшаҳоеро амалӣ сохтаед? -Дастгирӣ ва беҳтар ба роҳ мондани ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ яке аз вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи тандурустӣ мебошад.  Ташаккули ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ ба шакли тибби оилавӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун афзалияти стратегияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баҳо дода мешавад. Зеро ки он метавонад пардохти хизматҳои тиббиро пасттар гардонда, дар навбати худ дастрасӣ ва сифати баланди онро ба аҳолӣ таъмин намояд. Беҳтар сохтани дастрасии хизматҳои КАТС ба пешгирӣ, муаяйнсозии бемориҳо ва табобати он дар саршавиаш мусоидат намуда, инчунин ба кам гаштани шумораи роҳхатҳо ба назди мутахассисон ва ташхисоти иловагӣ боис мегардад. Ин саломатии аҳолиро беҳтар гардонда, хараҷоти мардум ва давлатро камтар месозад.   Тибқи Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамовӣ аз соли 2007 инҷониб 636 нафар корманди соҳа (183 духтур ва 453 ҳамшираи тиббӣ) аз бозомӯзӣ гузаштанд, ки ин ба 95 фоизи нақша баробар мебошад. Духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавиро мураббиёни дар хориҷи кишвар таълимгирифта дар марказҳои омӯзишӣ-клиникии тибби оилавии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бозомӯзӣ намуда истодаанд. Аз рӯи нақша бозомӯзии пурраи духтурон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Шӯрообод, Қубодиён, Норак, Ашт ва Спитамен дар марказҳои клиникию омӯзишии тибби оилавии вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронда мешавад. Дар айни замон дар ин вилоятҳо 23 духтур ва 65 ҳамшираи тибби оилавӣ омӯзишро ба итмом расонда, соҳиби сертификат гаштанд. Ба ғайр аз ин ба ҳар як духтур ва ҳамшираи омӯзондашуда борхалтаи тиббӣ медиҳанд. Дар давраи бозомӯзӣ, ки шаш моҳро дар бар мегирад, тибқи муқаррароти лоиҳа хароҷоти роҳ, зист ва хӯрокаи кормандони тиббии бозомӯзи ноҳияҳои таҷрибавиро ба ӯҳда дошта, онҳоро бо маводи конселярӣ ва адабиёти тиббӣ таъмин менамояд. Ҳамаи кормандони тиббӣ, аз ҷумлаи духтурон ва ҳамшираҳои шафқати вилояти Хатлон дар маркази омӯзишӣ-клиникии тибби оилавии Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон омӯзонда мешаванд, ки бинои он бо риояи ҳама талаботи давр аз нав таъмир гардидааст. -Сарфу харҷи маблағҳоро кӣ назорат мекунад? -Ҳамаи хароҷоте, ки барои бозомӯзӣ, дастраскунии таҷҳизот, техникаи тиббӣ ва корӣ, сохтмон ва эҳёи муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа сарф мегарданд, аз тарафи маркази мо ба Вазорати тандурустӣ, ҳамчун муассисаи амаликунандаи ислоҳот, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонии рушд, ки бевосита дастгирии молиявии лоиҳаро ба ӯҳда доранд, ҳисобот дода мешавад. Инчунин дар як сол се-чор маротиба аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ фаъолияти Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ аз санҷиш мегузарад. Масалан, оид ба натиҷаҳои кори лоиҳа моҳи октябри соли 2008 чунин санҷиш аз тарафи Бонки ҷаҳонии рушд гузашт, ки тибқи он ба фаъолияти марказ ҳам барои азхудкунии маблағҳои ҷудошуда ва ҳам кори босифату натиҷаи хуб, баҳои баланд доданд.  -Соли гузашта барои бо таҷҳизоту лавозимот ва компютер таъмин намудани беморхонаҳо чӣ тадбирҳо андешидед? Ва имсол ин раванд чӣ тавр идома меёбад? -Дар доираи лоиҳа 320 муассисаи табобатӣ-профилактикии 41 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо маҷмӯи ҷиҳоз (мизҳои компютерӣ, мизҳои хурд барои компютер, курсиҳо (чавкиҳо)-и мулоим, файлҳо барои ҳуҷраҳои корӣ, ҷевонҳо ва ғайра) ва таҷҳизоти компютерӣ таъмин намудем. Лоиҳа 142 адад компютер дастрас намуд, ки аз он ба Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва ахбор 28 адад, ба раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ба беморхонаҳо ва шӯъбаҳои ноҳиявии КАТС-и шаҳрҳои Сарбанд ва Норак 44 адад, ба раёсати тандурустии вилояти Суғд, беморхона ва шӯъбаҳои ноҳиявии КАТС-и ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Ҷаббор Расулов 70 адад ҷудо кардем. Дар нимаи дуюми соли ҷорӣ, ба беморхона ва шӯъбаҳои ноҳиявии КАТС-и 36 ноҳияи Суғду Хатлон боз 539 компютер ҷудо мешавад, аз ҷумла ба 13 ноҳияи Суғд 234, ба 23 ноҳияи Хатлон 305 адад компютер тақсим мегардад. Ғайр аз ин ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла беморхонаҳои марказии ноҳия, марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои деҳотии саломатӣ 73 адад генератор ҷудо намудем, ки барои фаъолияти пурраи онҳо дар фасли сармо кӯмаки хеле зарурӣ мебошад. Инчунин марказҳои деҳотии саломатии эҳёгаштаро бо таҷҳизоти тиббӣ ва мизу курсӣ, нақлиёти санитарӣ, маҷмӯи яхдонҳои тиббӣ, генераторҳо таъмин сохтем. Дар нақша аст, ки марказҳои саломатии айни замон дар деҳот сохтамешударо бо ашёҳои зарурӣ ҷиҳозонида супорем.   Инчунин ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия ва шаҳрҳои Ашт, Спитамен, Шӯрообод, Қубодиён, Сарбанд ва Норак бо таҷҳизоти радиокоммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд. То ҳол 88 адад нақлиёт харида ба сохторҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд додаем.   

Февраль 18, 2010 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад