ТАРҒИБИ БУНЁДИ «РОҒУН» ДАР ВАО-И ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 феврали соли ҷорӣ 12 ҳазору 655 сомонӣ саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро хиродорӣ намуданд. Аз оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои «Роғун» то имрӯз аз ҳисоби маоши кормандон ва маблағҳои сарфношудаи Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба маблағӣ 115 ҳазору 420 сомонӣ саҳмияҳои ин нерӯгоҳи тақдирсози миллат хиридорӣ шуда, 21 ҳазору 438 сомонӣ ҳамчун кӯмак ба суратҳисоби НБО «Роғун гузаронида шудааст. Гуфтанист, ки ҷиҳати таблиғи иқдомоти мазкур Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон тавассути ВАО-и кишвари иқомат фаъолият анҷом дода, саҳифаи махсуси ҳафтаномаи «Туркистон-пресс» таҳти рубрикаи «Набзи Тоҷикистон» ба оғози фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» бахшида шуда буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






