ТАРМА РОҲҲОРО БАНД КАРД
Хоруғ, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо) — Тавре навбатдори идораи «Помирнақлиёт» Аноятшоҳ Некқадамов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, субҳи имрӯз дар натиҷаи боридани барфи зиёд роҳҳои мошингарди байни ноҳияҳои Шуғнон — Хоруғ ва Хоруғ — Душанбе дар километри 480 воқеъ дар ноҳияи Рӯшон баста шуданд. Идораҳои роҳсозии вилоят бо истифода аз техника ба тоза кардани роҳҳо дар минтақаҳои зикршуда оғоз карданд. Дар натиҷа роҳи автомобилгарди Роштқаъла — Хоруғ кушода шуд. Роҳи Душанбе-Хоруғ ҳануз дар километри 480 бастааст. Мувофиқи иттилои идораи нигоҳубини роҳҳои вилоят дар баъзе мавзеҳои роҳи автомобилгарди водии Ғунд (километри 630, 677, 697, 707) низ тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт боздошта шудааст. Айни ҳол тозакунии роҳҳо аз барф ва тарма идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






