ТАРОЗУҲОИ ЧИНОИЮ ЭРОНӢ БАРЧИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон аз тамоми бозорҳои шаҳр тарозуҳои ғайристандартии сохти чиноию эронӣ барчида мешаванд. Ин масъала дар ҷаласае, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайуллоев доир шуд, баррасӣ гардид. Дар робита Раиси шаҳр директорони бозорҳои КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» -ро супориш дод, ки дар мӯҳлати ду ҳафта аз тамоми бозорҳои шаҳр тарозуҳои ғайристандартии истеҳсоли чинию эрониро барчида, барои хизматрасонӣ ба мизоҷон тарозуҳои электрониро таъмин созанд. Дар ҷаласа, баҳри таъмини назорати воридот ва савдои маҳсулоти хушсифат дар бозори истеъмолии пойтахт ва ба ин васила тақвият бахшидан ба амнияти истеъмолию ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зикр шуд, ки ҳамкории мутақобилаи Агентии «Тоҷикстандарт» бо масъулини бозорҳои шаҳри Душанбе ҷоннок карда шавад. Бо ин мақсад таъкид шуд, ки комиссияи муштараки сохторҳои назорати давлатӣ бо иштироки бевоситаи масъулини Агентии мазкур ҳолати мутобиқати маҳсулоти ба фурӯш гузошташавандаи бозорҳои шаҳр ва хизматрасониҳо дар ин самт ба талаботи стандартиро мавриди санҷиш қарор диҳад. Ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дастур дода шуд, ки ҳолати насб ва истифодаи мақсадноки мошинаҳои назоратӣ- хазинавиро дар тамоми субъектҳои савдою тиҷоратии дар пойтахт буда, зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов ҳузур дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






