ТАЪСИРИ МУҲОҶИРАТ БА ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ БАЧАГОН
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз дар толори маҷлисҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои ҷанг ва сулҳ дар доираи барномаи «Эҳтироми ҳуқуқи инсон ва маърифати ҳуқуқӣ бо кӯмаки воситаҳои ахбори оммавӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамроҳи Муассисаи барҳам додани меҳнати бачагонаи Созмони байналмилалии меҳнат дар мавзӯи «Меҳнати бачагон — натиҷаи муҳоҷирати коргарон» машварат баргузор мегардад. Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ширкат меварзанд. Онҳо масъалаҳои гуногуни таъсири муҳоҷирати меҳнатиро ба шароити зиндагии бачагон мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Аз рӯи натиҷаҳои муҳокима пешниҳодҳо ва тавсияҳо қабул карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






