ТАСВИБИ СОЗИШНОМАИ КӮМАКИ МУТАҚОБАЛА ЗИМНИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ

Февраль 28, 2010 14:50

           Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Думаи давлатии Федератсияи Русия 26 феврал созишномаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар бораи расонидани кӯмак ба ҳамдигар зимни бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ва вазъияти ғайричашмдошт ба тасвиб расонид. Ҳамин тариқ созишномаи мазкурро ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ ба тасвиб расониданд.           Мувофиқи ҳуҷҷат мамлакатҳои аъзои созмон ба ҳамдигар дар мавриди бартараф сохтани вазъияти фавқулодда кӯмак расонида, тартиби ҳамлу нақли молро ба воситаи қаламравашон бо мақсади расонидани кӯмак ба мамлакатҳои дигар то ҳадди имкон осонтар месозанд.          Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Созмони ҳамкории Шанхай айни ҳол 6 давлатро муттаҳид месозад. Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми мушоҳид доранд, Белорусия ва Шри – Ланка бо созмони мазкур муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд. Масоҳати умумии мамлакатҳои аъзои СҲШ 30 миллион километри мураббаъ ва шумораи аҳолии онҳо аз чор як қисми аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд. 

Февраль 28, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд