ТАСВИБИ СОЗИШНОМАИ КӮМАКИ МУТАҚОБАЛА ЗИМНИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Думаи давлатии Федератсияи Русия 26 феврал созишномаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар бораи расонидани кӯмак ба ҳамдигар зимни бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ва вазъияти ғайричашмдошт ба тасвиб расонид. Ҳамин тариқ созишномаи мазкурро ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ ба тасвиб расониданд. Мувофиқи ҳуҷҷат мамлакатҳои аъзои созмон ба ҳамдигар дар мавриди бартараф сохтани вазъияти фавқулодда кӯмак расонида, тартиби ҳамлу нақли молро ба воситаи қаламравашон бо мақсади расонидани кӯмак ба мамлакатҳои дигар то ҳадди имкон осонтар месозанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Созмони ҳамкории Шанхай айни ҳол 6 давлатро муттаҳид месозад. Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми мушоҳид доранд, Белорусия ва Шри – Ланка бо созмони мазкур муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд. Масоҳати умумии мамлакатҳои аъзои СҲШ 30 миллион километри мураббаъ ва шумораи аҳолии онҳо аз чор як қисми аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






