ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ «АМОНАТБОК» ЗИЁДТАРАНД

Февраль 8, 2010 14:15

Душанбе, 8 февраля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ду рўзи охир дар як қатор муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», фурӯши оммавии саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» бо ташаббуси бевоситаи аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо сурат гирифта истодааст. Имрӯз тамоми аҳолии ҷумҳурӣ  бо як рӯҳияи идона ва бо ҳамдастию ҳамдигарфаҳмӣ, дастҷамъона дар остонаҳои муассисаҳои Амонатбонк ҷамъ омада, саҳми босазои худро дар амали ватанхоҳона бо сари баланд ва умеду орзўҳои ояндасоз мегузоранд. Ҳамзамон фурўши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» дар дигар бонкҳои кишвар низ сурат мегирад ва шахсони хоҳишманд метавонанд бе мамоният дар ин кори хайр ва тақдирсоз саҳм гузоранд.             Бояд гуфт, ки то якуми феврали соли равон ба воситаи БДА «Амонатбонк» — 38 миллиону 580 ҳазору 800 сомонӣ дохил шудааст. Инчунин, баъд аз ҳар даҳрӯза маблағи ҷамъшудаи ба суратхисобҳои сохтмони НБО Роғун дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

Февраль 8, 2010 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд