ТОҶИКИСТОН ҲАВАСМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 12 феврал дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба баррасии рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон ҷаласа доир гардид. Дар он рафти иҷрои муқаррароти ҷаласаи дуюми байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, баррасӣ карда шуд. Инчунин, масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Туркманистон ва вусъат додани равобит дар самти илму маориф ва ғайраҳо мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуд. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро вазифадор кард, ки барои ҳарчӣ бештар вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Туркманистон дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия ва амсоли инҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Мавриди ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон соли 1993 оғоз гардида, соли 1995 Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ашқобод кушода шуд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Туркманистон асосан нефт ва маҳсулоти нефтӣ ворид карда шуда, гардиши мол миёни ин ду кишвар дар соли 2009-ум 63,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






