ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ СЕ РӮЗИ ОЯНДА

Февраль 15, 2010 15:49

 Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Сардори  Маркази  ҳавосанҷии  Муассисаи  давлатии  пешгӯии вазъи  ҳавои  ҷумҳурӣ  Ҷамила  Байдуллоева  ба  АМИТ «Ховар» хабар  дод, ки  рӯзҳои  15 ва 16  феврал  дар  водиҳои  мамлакат   ҳавои тағйирёбандаи  абролуд ва  бебориш   пешбинӣ карда  мешавад. Рӯзҳои оянда  танҳо  дар  минтақаи  кӯҳистон  ва доманакӯҳҳо  барф  меборад. Ҳарорати  ҳаво тадриҷан  гарм  мешавад.  Бегоҳии  17  феврал дар баъзе  минтақаҳо  борон меборад. 16  феврал  ҳавои  қисмати  бештари  минтақаҳои  ҷумҳурӣ гарм  мешавад. Ҳарорати  ҳаво  дар  вилояти  Хатлон  аз сифр то 5  дараҷа гарм,  дар  вилояти  Суғд  аз 2  дараҷа  хунук  то  3  дараҷа  гарм,  дар  ноҳияҳои тобеи  марказ аз сифр то 5  дараҷа гарм,  қисмати  ғарбии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  аз 3  дараҷа  хунук то 2  дараҷа  гарм,  дар қисмати   шарқии ҳамин вилоят  аз 8 то  13  дараҷа  хунук  ва дар  шаҳри  Душанбе  аз 3 то  5  дараҷа  гарм  хоҳад шуд. Ба  қавли  ҳавосанҷҳо, рӯзҳои оянда дар  мамлакат  сардии  ҳаво  ва  яхбандӣ  пешбинӣ  карда  намешавад. 

Февраль 15, 2010 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад