ВОХЎРИИ РОҲБАРИЯТИ КВД «ФБД» БО SOFEMA – ALPHA AIRPORT

Февраль 18, 2010 14:29

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Тавре пештар хабар дода будем, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ-терминали нави фурудгоҳи Душанбе мувақатан бозмонда шуд. Дирӯз Директори генералии КВД «Фурудгоҳ байналмилалии Душанбе» Холиқов Рустам Исуфович бо сафири кабири Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Анри Сиппер де Фабианӣ ва намояндагони масъули ширкати сохтмонии SOFEMA – ALPHA AIRPORT вохўрӣ кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳ байналмилалии Душанбе» Маҳмаюсуф Шодиев иттилоъ дод, мақсади вохӯриро шарҳ дода, ҳарду ҷониб иброз доштанд, ки бозистии корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ-терминали нави фурудгоҳ ҷонибҳоро нигарон кардааст. Дар рафти сўҳбат маълум гардид, ки барои ба  мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ ва корҳои иҷрошуда мушкилӣ пеш омадааст. Ҷаноби Тиери Гулиер директори Ширкати сохтмонии Софема групп (ҷониби Фаронса) пешниҳод ва таклифҳои ҷониби фармоишгар — КВД «ФБД» -ро пурра ҷонибдорӣ намуда, гуфт медонем, ки иншооти сохташаванда ҷашнӣ аст ва тамоми қувваро барои он равона месозем, ки корҳои сохтмониро ҳарчи зудтар оғоз намуда, ба мўҳлати пешбинишуда мутобиқ намоем ва сохтмонро дар мўҳлати муайяншуда ба истифода диҳем.  Нигаронии худро оид ба қафомонии рафти корҳои сохтмонии терминали нави фурудгоҳ Холиқов Р.И. иброз дошта, ҷониби Фаронсаро даъват намуд, ҳарчи зудтар ба корҳои сохтмонӣ шурўъ намоянд. Гуфта шуд, ки ҷониби КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мутобиқи Қарордод дар бонки фаронсавии «NATIXIS» маблағи заруриро пешпардохт кардааст, аммо ҷониби Фаронса ҳанўз ба ин суратҳисоб маблағ ирсол накардааст. Имрўз вохўрии кории мутахассисони фаронсавӣ, ки бевосита ба корҳои сохтмонӣ вобастаанд бо муовини Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Иброҳимов А.М. баргузор мегардад.    

Февраль 18, 2010 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд