ВОХЎРИИ РОҲБАРИЯТИ КВД «ФБД» БО SOFEMA – ALPHA AIRPORT
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Тавре пештар хабар дода будем, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ-терминали нави фурудгоҳи Душанбе мувақатан бозмонда шуд. Дирӯз Директори генералии КВД «Фурудгоҳ байналмилалии Душанбе» Холиқов Рустам Исуфович бо сафири кабири Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Анри Сиппер де Фабианӣ ва намояндагони масъули ширкати сохтмонии SOFEMA – ALPHA AIRPORT вохўрӣ кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳ байналмилалии Душанбе» Маҳмаюсуф Шодиев иттилоъ дод, мақсади вохӯриро шарҳ дода, ҳарду ҷониб иброз доштанд, ки бозистии корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ-терминали нави фурудгоҳ ҷонибҳоро нигарон кардааст. Дар рафти сўҳбат маълум гардид, ки барои ба мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ ва корҳои иҷрошуда мушкилӣ пеш омадааст. Ҷаноби Тиери Гулиер директори Ширкати сохтмонии Софема групп (ҷониби Фаронса) пешниҳод ва таклифҳои ҷониби фармоишгар — КВД «ФБД» -ро пурра ҷонибдорӣ намуда, гуфт медонем, ки иншооти сохташаванда ҷашнӣ аст ва тамоми қувваро барои он равона месозем, ки корҳои сохтмониро ҳарчи зудтар оғоз намуда, ба мўҳлати пешбинишуда мутобиқ намоем ва сохтмонро дар мўҳлати муайяншуда ба истифода диҳем. Нигаронии худро оид ба қафомонии рафти корҳои сохтмонии терминали нави фурудгоҳ Холиқов Р.И. иброз дошта, ҷониби Фаронсаро даъват намуд, ҳарчи зудтар ба корҳои сохтмонӣ шурўъ намоянд. Гуфта шуд, ки ҷониби КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мутобиқи Қарордод дар бонки фаронсавии «NATIXIS» маблағи заруриро пешпардохт кардааст, аммо ҷониби Фаронса ҳанўз ба ин суратҳисоб маблағ ирсол накардааст. Имрўз вохўрии кории мутахассисони фаронсавӣ, ки бевосита ба корҳои сохтмонӣ вобастаанд бо муовини Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Иброҳимов А.М. баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






