ҚАРОРДОД БАРОИ 250 МЛН. МУКААБ МЕТР ГАЗ АМАЛӢ МЕГАРДАД

Март 17, 2010 10:36

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Аз ав  вали соли 2010 то 10 – уми марти соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 млн. мукааб метр газ ворид гардид. Боис ба ёдоварист, ки дар моҳи декабри соли 2009 байни ширкати давлатии «Тоҷиктрансгаз»  ва  «Ӯзбектрансгаз» қарордод дар бораи хариди 250 млн. мукааб метр газ ба тасвиб расонида шуд. Тибқи талаботи шартнома, Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор карда шудааст, ки нархи гази воридшударо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қимати 231 доллари амрикоӣ барои 1000 мукааб метр дар ҳар семоҳа пешпардохт намояд. Дар ширкати саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  аз оғози моҳи март   воридоти газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сабаби пешпардохт аз 15 ҳазор ба 20 – 25 ҳазор мукааб метр дар як соат зиёд карда шуд. Акнун баробари корхонаҳои калонтарини кишвар як қисми аҳолии шаҳри Душанбе низ бо    газ таъмин гардид.  

Март 17, 2010 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад