ҚАРОРДОД БАРОИ 250 МЛН. МУКААБ МЕТР ГАЗ АМАЛӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ав вали соли 2010 то 10 – уми марти соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 млн. мукааб метр газ ворид гардид. Боис ба ёдоварист, ки дар моҳи декабри соли 2009 байни ширкати давлатии «Тоҷиктрансгаз» ва «Ӯзбектрансгаз» қарордод дар бораи хариди 250 млн. мукааб метр газ ба тасвиб расонида шуд. Тибқи талаботи шартнома, Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор карда шудааст, ки нархи гази воридшударо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қимати 231 доллари амрикоӣ барои 1000 мукааб метр дар ҳар семоҳа пешпардохт намояд. Дар ширкати саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз оғози моҳи март воридоти газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сабаби пешпардохт аз 15 ҳазор ба 20 – 25 ҳазор мукааб метр дар як соат зиёд карда шуд. Акнун баробари корхонаҳои калонтарини кишвар як қисми аҳолии шаҳри Душанбе низ бо газ таъмин гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






